Корҳои сохтмонӣ дар Хонаи кӯдакони шаҳри Истаравшан
Бо ташаббуси академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва Махкам Маҳмудзода дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон» идома доранд.
Қайд кардан зарур аст, ки сохтмони Хонаи кӯдакон ба барномаи ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, мавриди истифода қарор додани он ба моҳи июни соли 2021 банақшагирифта шудааст.
Бинои нав барои 50 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмон дидан намуда, бо аҳволи зисти сокинони Хонаи кӯдакон шинос шуд ва ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла либоси гарми зимистона тақдим кард.
Ин ташриф боиси хушнудии зиёди кӯдакон ва кормандон гардид.